Ташкили чорабинии тантанавии шиносномасупорӣ ба хонандагони литсейи №5-и шаҳри Исфара
Дар баробари хизматрасонӣ ба аҳолӣ ҷиҳати саривақт таъмин намудан бо шиносномаи миллӣ ва шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Шуъбаи 1 ВКД дар шаҳри Исфара, инчунин таваҷҷӯҳ ба бурдани корҳои тарғиботӣ барои бори аввал гирандагони шиноснома нигаронида шудааст. Қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ки шахси ба синни 16-сола расида уҳдадор аст, ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият - шиноснома дошта бошад. Дар ин раванд чорабиниҳои тантанавии шиносномасупорӣ дар мактабҳо имконият медихад. ки огоҳии наврасон вобаста ба низоми шиносномадорӣ бештар ва онҳо дар муҳлати муқарраршуда соҳиби шиноснома шаванд.
Бо оғоз гардидани соли нави хониш кормандони дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Шуъбаи 1 ВКД дар шаҳри Исфара дар ҳамкорӣ бо масъулини Раёсати маорифи шаҳр ба ташкили чорабиниҳои танатанавии шиносномасупорӣ ба хонандагон таваҷҷуҳ карда наврасонро бо ҳуҷҷати асосии таъмин менамоянд. Ҳафтаи равон бо ташкили ҳамингуна чорабинии тантанавӣ бо иштироки сардори дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Шуъбаи 1 ВКД дар шаҳри Исфара майори милитсия Файзулло Наимзода ва муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Исфара Фотима Умарзода ба 28 нафар хонандагони Литсейи №5-и шаҳри Исфара шиноснома супорида шуд.
Бори аввал ба даст гирифтани ҳуҷҷати асосӣ дар вазъияти тантанавӣ хонандагонро хело руҳбаланд намуд. Зеро гирифтани шиноснома аз як тараф оиди расидан ба синни камолот гувоҳи диҳад, аз ҷониби дигар ҳамчун ҳуҷҷати асосии комилҳуқуқӣ ва мансубияти шаҳрвандии шахсро ба давлат тасдиқ менамояд. Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин оид ба қоидаҳои шиносномадорӣ ба наврасон иттилоъ ва таваҷҷуҳи хонандагон ба ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти шиноснома дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шуд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.