Азнавсозии бинои хизматии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи Ашт
Хизматрасонии босифат ба аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ дар шароити мусоиду қуллай ҳам барои кормандон ва ҳам барои шаҳрвандон, бо ҳамин мақсад бинои маъмурии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Аштро азнавсозӣ карданд. Ташабуси масъулини хадамоти мазкур имкон медиҳад, ки минбаъд дар шароити хубу арзанда ба шаҳрвандон хизматрасонӣ карда шавад. Дар баробари таъмир ва бо техникаҳои компютерӣ ва таҷҳизоти хизматӣ муҷаҳхаз гардонидани ҳуҷраҳои корӣ, толори қабулу интизорӣ, ҳуҷраи модару кӯдак, насби терминали пулгузаронӣ, гӯшаҳои иттилоотӣ ва дигар шароитҳои маишӣ муҳайё карда шудааст, ки зимни муроҷиат кардан барои шиносномагирӣ ва ё дигар ҳуҷҷатгузориҳои раванди шиносмадорӣ шаҳрвандон худро роҳат ҳис мекунанд.
Ҷараёни ободкорӣ ва шароити хуби хизматӣ дар ХШБ ШВКД дар ноҳияи Ашт, ки аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастурҳои ҳамешагии роҳбарияти ВКД сарчашма мегиранд, имконият медиҳад, ки дар сатҳи зарурӣ талаботи шаҳрвандон барои гирифтани шиноснома қонеъ карда шавад.
Навгонии дигар, ки онро низ метавон як усули хизматрасонии ҷавобгӯ ба талаботи имрӯз унвон кард, харидории аробачаи маъюбӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ истифодабарии он мебошад. Масъулин таъкид медоранд, ки шароитҳои фароҳамгардида аз таҷрибаи корӣ ташкил карда шуда, фароҳам гаштани он мушкилоти корафтодаҳоро осон мегардонад.
Хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон ва саривақт таъмин намудани талаботи ҳар як муроҷиаткунанда дастури ҳамешагии роҳбарияти хадамот аз зердастон мебошад. Зеро муносибати хуб дар амалу рафтор эҳтироми шаҳрвандонро ба мақомот афзун намуда, самаранокии раванди тадбиқи қонунгузорӣ дар самти шиносномадориро таъмин месозад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.