Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти оилаи садақаҷӯ, ки ба кӯмаку ёрмандӣ эҳтиёҷ надоранд 

Имрӯзҳо зиёд ба мушоҳида мерасад, ки шахсони алоҳида рӯ ба талбандагиву садақаҷӯӣ оварданд. Шояд дар ҳақиқат баъзе аз онҳо муҳтоҷ бошанд. Аммо корбарии милитсия ҳолатҳои баръаксро низ нишон медиҳад, ки баъзе шахсон умуман шуғли гадоиву талбандагиро мояи рӯзгузаронӣ ҳисобидаанд. 
Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мардумфиребӣ ва чеҳраи аслии ҳамингуна як оиларо ошкор намуд. Шаҳрванд Раҳимова Тутихон Ҷумаевна, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи маҳаллаи Рӯмони ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Б.Ғафуров бо ҷалби фарзандони ноболиғаш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба ҳамингуна фаъолият одат кардааст. Шавҳари номбурда шаҳрванд Ғафуров Муродҷон Мирғафурович, соли таваллудаш 1987, дидаву дониста барои машғул шудан ба талабандагӣ ва садақаҷӯии онҳо мусоидат карда, ҳамарӯза тавассути воситаи нақлиёт онҳоро ба нуқтаи фаъолият саҳни маркази савдои «Амид», воқеъ дар маҳаллаи 13-и шаҳри Хуҷанд дастрас ва бозпас мегирад. 
Ин дар ҳолест, ки зану шавҳар солиму бардам ва қобилияти кор кардан доранд ва бо назардошти шароити хуби зиндагӣ, манзили истиқоматӣ ва се адад воситаи нақлиёт, аз ҷумла воситаи нақлиёти элоктромобил ва ду адад сабукрави «Опел-Астра» фақириву бенавоӣ ва эҳтиёҷмандиро ба онҳо нисбат додан рост намеояд.
Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Муродҷон Ғафуров дар ҳоле ҳамсару фарзандонашро ба талбандагӣ сафарбар ва аз ин ҳисоб ба муфтхӯрӣ одат кардааст, ки худ тавассути воситаи нақлиёти гаронарзиш гашту гузор ва боз ду адад сабукравро ба иҷора дода даромади пулӣ ба даст меорад. Талбандагиву гадоии ҳамсар манбаи иловагии даромад барои ин оилаи солим аст. Аз таъсири пеш бурдани рӯзгори носолим ду фарзанди хонавода, ки хонандаи мактаб мебошанд, на ҳама вақт дар дарсҳо ҳозир мешаванд. Бо мавҷудияти шароитҳои моддӣ воқеан наметавон ин оиларо ба табақаи ниёзманди ҷомеа мансуб донист.
Таҷрибаи амалии мақомоти корҳои дохилӣ нишон медиҳад, ки омили асосии рӯ ба муфтхӯрӣ овардани инсонҳои солим раҳмдилии мардуми хайрхоҳ аст, ки бо қонеъ кардани талаби садақаҷӯ сафи гадою талбандаҳоро зиёд кардааст. Ин дар ҳолест, ки мумкин аст хайру эҳсонро ба интернатҳо, хонаи маъюбону бепарасторон ва дигар корҳои ободонии ба манфиати ҷамъиятӣ нигаронидашуда сарф намуд. 
Кормандони милитсия бо оилаи Ғафуровҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида огоҳ намуданд, ки аз ин шуғли ба шахси солим номуносиб худдорӣ намоянд ва ба меҳнат ва зиндагии солим машғул шаванд. Дар сурати такрорёбӣ онҳо тибқи талаботи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

22.10.2024 16:43
112