Дастгир гардидани ду ҷавони 22-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 18-уми октябри соли 2024, тахминан соати 02:00, ҳангоми дар маҳаллаи Шайнаки ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштанаш шахсони номаълум ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, ошкоро аз ҷайбаш 2-адад шиноснома, 2-адад шаҳодатномаи ронандагӣ, каме маблағи пулӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми С 21”-ро бо роҳи ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.