Ҳалокати ронанда дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ
17-уми октябри соли 2024, тахминан соати 11:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан”, Пирназаров Амонтилло Абдулович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Ш.Шоҳин дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Н.Маҳмудови ноҳияи Ш.Шоҳин аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи канори роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили автомашина Сафаров Раҷабали Давлаталиевич, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Темурмалик ва Сикандаров Бурҳон Мирзоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.