Боздошти ноболиғи 16-сола барои расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ бо санг
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров 23-юми сентябри соли 2024, тахминан соати 20:00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи мазкур бо ноболиғони 17 ва 15-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров вохӯрда, бо якдигар ҷангу ҷанҷол намуда, гумонбаршаванда бо санг як маротиба ба рӯи ноболиғи 17-сола задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.