Ошкор шудани қаллобии марди 52-сола
Ҳангоми гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки марди 52-солаи сокини шаҳри Истаравшан моҳи июни соли 2014, ҳангоми дар ҳудуди шаҳри Душанбе қарор доштанаш ба боварии роҳбари ширкати ҶДММ “Капитал” марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, бо баҳонаи саҳмгузорӣ намудан дар бинои навсохтмон, воқеъ дар кӯчаи Гипрозем дар давраи фаъолияти кориаш, яъне аз соли 2014 то соли 2018 бо роҳи фиреб ва сӯистифода аз боварӣ маблағи 285 ҳазору 443 доллари амрикоиро азонихуд карда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.