Ҳолатҳои авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 11-уми октябри соли 2024, тахминан соати 23:10-дақиқа, ҳангоми дар маҳаллаи Гулпарвари шаҳри Душанбе қарор доштанаш марди 33-солаи сокини пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо ин қаноат накарда боз бо асбоби (отвёрка) дар дасташ буда як маротибаи дигар ба дасти чапаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида зарари ҷисмонӣ бардоштааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 11-уми октябри соли 2024, тахминан соати 13:40-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Буниҳисораки шаҳри Душанбе қарор доштанаш “Фаррух” ном шахс аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо корд ба пойи росташ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 59-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, қаблан бо қисми 3 моддаи 156 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 13-уми октябри соли 2024, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар кӯчаи И.Сомонии шаҳри Хуҷанд ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 51-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро лату кӯб карда, бо мақсади расонидани зарари ҷисмонӣ бо корд ба мавзеи пеши гардани ҷабрдида зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.