Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 10 ошёна мавриди истифода қарор доданд

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 10 ошёна бо Пентхаусро дар хиёбони марказии Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди истифода қарор доданд.
Бинои баландошёна дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, хишти нахустини он соли 2023 гузошта шуда буд.
Иншоот аз се қисмат иборат буда, бо қомат афрохтани бинои баландошёна ба маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хоруғ ҳусни дигар зам гардидааст.
Бинои баландошёна 154 хонаи истиқоматии барҳаво дошта, мутобиқ ба талаботи замон бунёд гардидааст ва дар он шароити сатҳи баланд зисту зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.
Бинои истиқоматӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 75 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
56 хона ҳамчун туҳфа аз номи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳри Хоруғ ва 6 манзили зист ба омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Академик Моёншо Назаршоев тақдим карда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳо калиди хонаҳои нави истиқоматиро тақдим намуданд.
Хонаҳои истиқоматӣ бо ошхона ва дигар лавозимоти рӯзгор таъмин буда, туҳфаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми сарбаланди шаҳри Хоруғ мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дохили хуҷраҳо дидан намуда, ба бинокорон барои бо сифати баланд ба итмом расонидани сохтмони хонаҳои истиқоматӣ баҳои баланд доданд.
Инчунин хонаҳои истиқоматӣ дар фасли зимистон бо системаи гармидиҳӣ тавассути қувваи барқ таъмин хоҳанд шуд.
Дар ҷараёни бунёди бинои баландошёна беш аз 300 нафар бинокори маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид. Соҳибони хуштолеи манзилҳои истиқоматӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириву ғамхории пайваста изҳори сипос намуданд.
Дар ошёнаи якуми бино Маркази тиҷоратии 24-соата фаъолият мекунад, ки дар ин ҷо барои истиқоматкунандагон маҳсулоти ниёзи рӯзгор пешниҳод карда мешавад. Ба Сарвари давлат иттилооъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал дар маркази тиҷоратӣ зиёда аз 20 нафар аз ҳисоби аҳолии шаҳри Хоруғ бо кори доимӣ таъмин гардида, оянда шумораи онҳо афзун хоҳад шуд.
Дар ошёнаи дуюми бинои навбунёд утоқҳои муосири хизматрасонӣ мавҷуданд, ки сокинон имкон доранд, ҳамоишу чорабиниҳои гуногунро баргузор намоянд.
Ҳудуди бинои истиқоматӣ ва пиёдаравҳо бо истифода аз сангҳои ороишии корхонаи навбунёди «Суман»-и шаҳри Хоруғ зиннат дода шуда, ба як макони дилфиреби сайру сайёҳат табдил ёфтааст. Дар атрофи бино дарахти ҳамешасабз ва гулҳои зебову рангоранг шинонида шуда, сутунҳои равшанидиҳандаи чароғон шабонгоҳ ба ин макон зебогии хос зам менамояд.

13.10.2024 14:15
4