Дастгир намудани ду нафар бо ҷурми даллагӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони даллагӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 10-уми октябри соли 2024, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар назди беморхонаи ноҳияи Б.Ғафуров миёни марди 28-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун ва зани 35-солаи сокини шаҳри Хуҷанд барои алоқаи ҷинсӣ намудан вохӯрӣ ташкилд намуда, бар ивазаш ҳамчун мукофот 500 сомонӣ гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 33-солаи сокини ноҳияи Ёвон бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона ё даллагӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, дар ҳаммоми ба номи “Ҳавзи шиноварӣ”, воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзодаи ноҳияи Ёвон ба ҳайси фаррош ва хазиначӣ кору фаъолият карда, дар ҳаммомхонаи мазкур ба марди 31-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҷавонзани 22-сола ва зани 39-солаи сокинони ноҳияи Ёвон миёнаравӣ намуда, вохӯрии онҳоро ба маблағӣ 400 сомонӣ ташкил карда, аз ин ҳисоб маблағи 100 сомонӣ фоида ба даст овардааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.