Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба воситаи қайчӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 8-уми октябри соли 2024, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар кӯчаи Навбаҳори шаҳри Душанбе маъшуқааш зани 54-солаи сокини пойтахт бе ягон асос бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда, бо асбоби дар дасташ буда - қайчӣ як маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

12.10.2024 11:55
42