Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашқободи Туркманистон шуданд

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашқободи Туркманистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ва дигар намояндагони воломақом самимона пазироӣ карданд.
Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири маъруфи туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони «Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу инкишоф» иштирок менамоянд.

11.10.2024 11:05
6