Дастгир гардидани ҷавонзани 19-сола бо ҷурми тамаъҷӯӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи августи соли 2024, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд зимни харидорӣ намудани телефони мобилӣ бо фурӯшандаи он марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд шиносоӣ пайдо намуда, 14-уми августи соли 2024, тахминан соати 01:00 ба телефони мобилӣ ва шабакаи интернетии «Ватсап»-и охирон занг зада, дар рафти суҳбат хоҳиш менамояд, ки ҷабрдида либосашро кашида, баданашро ба ӯ нишон диҳад, охирон гуфтаҳои ӯро иҷро кардааст, ки дар натиҷа гумонбаршаванда тариқи нусхабардории экран (скриншот) сурат гирифта, ба хотираи телефони мобилиаш тамғаи «Инфиникс» нигоҳ медорад.
Сипас, гумонбаршаванда бо таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрукунанда, яъне паҳн кардани суратҳои қаблан нусхабардорӣ кардааш ҳазор сомонӣ бо ваъдаи суратҳои мазкурро нобуд кардан тариқи ҳамёни электронии «Душанбе Сити» талаб намуда гирифтааст.
Такроран, 15-уми августи соли 2024, тахминан соати 15:40-дақиқа, гумонбаршаванда, тариқи телефони мобилӣ ба ҷабрдида занг зада, бо роҳи иръоб (шантаж) 300 сомонӣ талаб намуда, тариқи ҳамёни электронии «Душанбе Сити» гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.