Баргузории озмуни «Расми беҳтарин» дар шаҳри Хуҷанд
Тибқи нақшаи кории Шурои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо дастгирии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе озмуни расмкашӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои рассомии шаҳри Хуҷанд ташкил ва баргузор гардид.
Дар маросими ҷамъбастии озмун аъзоёни Шурои вилоятӣ, намояндаи шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва аъзои Шурои ҷамъиятии назди мақомоти милитсия дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, ғолибони озмунро бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд.