Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корманди милитсия ноболиғи 17-соларо аз марг наҷот дод

Дар шаҳри Хуҷанд ҳодисаи сӯиқасд ба худкушӣ аз ҷониби корманди милитсия пешгирӣ карда шуд. Рӯзи 5-уми октябр тахминан соати 18:20-дақиқа ноболиғдухтари 17-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани худ, аз болои купруки кӯҳнаи шаҳри Хуҷанд худро ба дарёи Сир партофтааст.
Аз ҳолати мазкур ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд майори милитсия Муҳаммадҷонзода Акбар Насрулло, ки дар басти навбатдорӣ қарор дошт, воқиф гашта, бо нишон додани ҷасорат навраси қасди худкушидоштаро наҷот медиҳад.
Амали саривақтии майори милитсия Акбар Муҳаммадҷонзода боис шуд, ки дар лаҳзаҳои барои ҳаёту саломатӣ ҳалкунанда ҳаёти як инсон ҳифз карда шавад.
Ҳодисаи мазкур собитгари он аст, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамагуна ҳолат новобаста аз он, ки ба ҷони худашон хатар таҳдид мекунад, баҳри ҳимояи ҳаёту саломатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон омодаанд.
Ёдрас менамоем, ки дар ШВКД шаҳри Хуҷанд бори аввал нест, ки аз тарафи кормандони милитсия шаҳрвандони қасд ба ҷони худ дошта наҷот дода мешаванд.
Ҷасорати Акбар Муҳаммадҷонзода дар байни ҳайати шахсӣ муаррифӣ ва роҳбарияти Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд аз корнамоии ӯ, ки ҳаёти як нафарро ҳифз карда тавонист, ситоиш карданд. Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки номбурда корманди боинтизом, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ масъулиятшинос ва дар байни ҳамкасбон соҳибобрӯ буда, корнамоии навбатиаш иззату эҳтироми ӯро дучанд намуд.
Фаъолияти ҳамин гуна ҷавонони руҳану ҷисман обутобёфта, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ содиқанд, дар сафи мақомоти милитсия хело муҳим буда, ифтихори мақомот мебошанд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

10.10.2024 15:35
42