Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дар манзили истиқоматӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, 2-юми октябри соли 2024, тахминан соати 22:30-дақиқа, марди 37-сола ва зани 44-солаи сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Конибодомро барои алоқаи ҷинсӣ намудан шинос карда, онҳоро дар хонаи истиқоматиаш ҷой карда, ҳамчун мукофот аввал 150 сомонӣ ва бори дуюм 400 сомонӣ гирифтааст. Далели шайъӣ гирифта шуд. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

10.10.2024 10:23
78