Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ вобаста ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Қубодиён бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, дар давоми соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 52-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 51 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар майдони 0,06-га ҷудо карда медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 ва қисми 2 моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

10.10.2024 10:20
52