Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул - генерал-майори милитсия милитсия, 22 феврали соли 1975 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ – олӣ, соли 1997 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «ҳуқуқшинос» ва соли 2013 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси «идоракунӣ» хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 9 ноябри соли 1997.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз он ҷумла, ваколатдори оперативии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ, муфаттиши Шуъбаи назорати методии Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ, муфаттиши Шуъбаи тафтишотии ҷиноятҳои иқтисодии Раёсати тафтишотии ВКД, муфаттиши калони Шуъбаи тафтишотии ҷиноятҳои марбут ба ҷиноятҳои муташаккили Раёсати тафтишотии ВКД, сардори Шуъбаи тафтишотии ҷиноятҳои марбут ба ҷиноятҳои муташаккили Раёсати тафтишотии ВКД, муовини сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ, муовини сардор - ӯ низ сардори қисми тафтишотии Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ, муовини сардори Раёсат - ӯ низ сардори Қисми тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул санаи 5 ноябри соли 2021 ба вазифаи сардори Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои хизматҳои содиқонаю софдилона бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон бо мукофоти давлатӣ – «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.