Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳолати тасарруфи пулу моли бо тариқи кредит додашуда 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 41-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони тасарруфи пулу моли бо тариқи кредит додашуда, дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, дар вазифаи ёрдамчии эпидемиологии Маркази ВНМО дар шаҳри Кӯлоб кор карда, 9-уми ноябри соли 2022 дар асоси шартномаи қарзӣ аз ҶСК “Бонки Эсхата” дар шаҳри Кӯлоб маблағи 70 ҳазор сомониро ба муҳлати 36 моҳ қарз гирифтааст. 
Гумонбаршаванда, аз соли 2022 то моҳи августи соли 2024 дар 20-ҳолат ба ному насаби ҷавонзани 24-солаи сокини ноҳияи Муъминобод, марди 44-солаи сокини ноҳияи Муъминобод, зани 53-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ва дигарон маълумотномаи музди меҳнатро сохтакорона, ки гӯё дар маркази ВНМО шаҳри Кӯлоб кор мекунанд, омода карда, ба ҷойи директор ва сармуҳосиби маркази мазкур имзои худро гузошта, ба бонки зикргардида пешниҳод кардааст, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои бо сохтакорӣ омода кардааш ба ному насаби шахсони дар боло зикргардида аз маблағи 20 ҳазор сомонӣ то 70 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, маблағҳои бо тариқи кредит гирифташудаашро тасарруф ва ба манфиати худ сарф намудааст.
Номбурда бо ин кирдораш ба  ҶСК “Бонки Эсхата” 504 ҳазору 820 сомонӣ зарар ба миқдори махсусан калон расонидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 246 ва қисми 1 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

05.10.2024 15:20
76