Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ зимни харидуфурӯши “Ауди-6”
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 5-уми феврали соли 2024, ҷавони 24-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “Ауди-6”-ро ба маблағи 165 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро баъди 20 шабонарӯз бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.