Дастгир гардидани марди 30-сола бо ҷурми қасдан расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршавада, 2-юми октябри соли 2024, тахминан соати 21:00, ҳангоми дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо марди 47-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст.
Дар натиҷа, ҷабрдидада ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.