Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардори Раёсат: Халилзода Ҳусейн Собир - генерал-майори милитсия, 16 январи соли 1973 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Соли 1996 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, соли 2011 Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва соли 2019 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз моҳи декабри соли 1997.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз он ҷумла, корманд-мутахассиси шуъбачаи раводидӣ ва бақайдгирии Шуъбаи раводидӣ ва бақайдгирии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД, нозир ва нозири калони Шуъбаи раводидӣ ва бақайдгирии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД, сарнозири шуъбачаи раводидӣ ва бақайдгирии Шуъбаи раводидӣ ва бақайдгирии Хадамоти муҳоҷирати ВКД, муовини сардори шуъбаи ташкилии корҳои раводидӣ ва бақайдгирии Хадамоти муҳоҷирати ВКД, сардори Шуъбаи шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ дар шаҳри Душанбеи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, ӯ низ сардори Шуъбаи корҳои раводидӣ ва бақайдгирии Хадамоти мазкур, сардори Шуъбаи шиносномавию бақайдгирии аҳолӣ дар шаҳри Душанбеи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Халилзода Ҳусейн Собир аз 2-юми феврали соли 2024 ба вазифаи сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Мавсуф аълочии милитсия буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо мукофотонида шудааст.