Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо – муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо – генерал-майори милитсия, 13-уми январи соли 1977 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии ҳуқуқшиносӣ, соли 1999 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2009 факултети №1 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз соли 1999.
Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо фаъолияти худро дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ аз вазифаи муфаттиши шуъбаи тафтишотии РВКД дар ВМКБ шурӯъ намуда, дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст: муфаттиши калони гурӯҳи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, муфаттиши калони шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, сардори шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, сардори шуъбаи тафтишотии РВКД дар ВМКБ, сардори ШВКД дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ, муовини сардори РВКД дар ВМКБ оид ба самти оперативӣ.
Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо аз 2-юми феврали соли 2024 ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, ба халқу Ватан содиқона хизмат намуда истодааст.
Зимни фаъолияти хизматӣ барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ - медали «Ҷасорат» ва медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.