Иброҳимзода Нозим - муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иброҳимзода Нозим - генерал-майори хизмати дохилӣ, таваллудаш 04 феврали соли 1965, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёнаи махсуси техникӣ ва олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 01 октябри соли 1985. Мукофотҳои давлатӣ:
-2001 бо медали «Хизмати Шоҳиста»
-2019 бо ордени «Шараф» дараҷаи II ва идоравӣ дорад.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:
Муҳандиси хадамоти давлатии оташнишонии РКД вилояти Суғд, муҳандиси калони РХДО, ёрдамчии калони қисми навбатдории РХДО, сардори шӯъбачаи назорати давлатии оташнишонии РХДО, муовини сардори РХДО, сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғди СРХДО Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иброҳимзода Нозим санаи 11 майи соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.