Ба вуқӯъ омадани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар дар роҳҳои мошингард
30-юми сентябри соли 2024, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи мотороли сечархаи тамғаи “Чин” Маҳмадқулов Ҳайталӣ Эшқулович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Ҷ.Балхӣ, аз уҳдаи идораи моторолаш набаромада, онро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронандаи мотороли мазкур Маҳмадқулов Ҳ.Э. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
1-уми октябри соли 2024, тахминан соати 02:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Собиров Фирдавс Ғаффорович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти ноҳияи Б.Ғафуров дар рӯ ба рӯи бинои «Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонии қисмати байни роҳи мошингард бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Собиров Ф.Ғ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони автомашинаи мазкур Пулотов Субҳон Шукруллоевич, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Хуҷанд ва Тоиров Акмалҷон Умарҷонович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
1-уми октябри соли 2024, тахминан соати 17:56-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Хундай портер”, Исмоилов Азамат Абдусамадович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Вахш ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Қазоқони шаҳри Бохтар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс-Актрос” таҳти идораи Маҳмадалиев Алишер Машрафович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи боркаши тамғаи “Хундай портер”, Қурбонова Гулрафтор Маҳмадалиевна, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Вахш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.