Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳои мақсадноки кормандони милитсия дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб

Таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мактабу маориф аз масъалаҳоест, ки дар  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи  кӯдак» дарҷ гардидааст. Ҳамин аст, ки дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки мақомоти корҳои дохилӣ бо дигар сохтору идораҳои дахлдор, дар муассисаҳои таълимӣ пайваста чорабиниҳои мақсаднок гузаронида мешаванд, ки тавре аз таҳлилҳо бармеояд, ин гуна чораандешиҳо ба коҳиш ёфтани сатҳи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ миёни ҷавонон мусоидат намуда, ба баланд гардидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъсири мусбат мерасонад.
Ҳамин аст, ки кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони (РОПҲНҶ) ВКД ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи таҳсил дар мактабҳои олӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбон ва Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои мақсаднок гузаронида, бо омӯзгорону донишҷӯёни ин таълимгоҳҳо вохӯрӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ин муассисаҳои таҳсилоти касбӣ аз ҷумлаи таълимгоҳҳои муҳим дар самти мутобиқи замон тайёр кардани кадрҳо маҳсуб меёбанд. Бо шарофати саъю кӯшиши маъмурияти донишгоҳу коллеҷ ва литсейи номбурда қоидаҳои таълиму тадрис дар ин муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, тамоми талаботҳои таҳсил дар мактабҳои олии кишвар дар онҳо риояву иҷро мешаванд.
Ин муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҳам аз ҷиҳати сифати таълиму тарбия, дониши донишҷӯён ва ҳам аз ҷиҳати риояи талаботҳои марбутаи соҳаи маориф намунавӣ мебошанд. Воқеан, намуди зоҳирии донишҷӯёни ин таълимгоҳҳо, риояи қоидаи либоспӯшӣ, иштироки онҳо дар дарсҳо ва ҳозирҷавобию дониши баланди муҳассилин диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Ҳамчунин, тозаву озода будани саҳни донишгоҳу коллеҷ ва литсейи номбурда ва бо овезаҳои гуногун оро додани дохили биноҳои онҳо боз ҳусни дигар зам намудааст. 
Дар вохӯрие, ки пас аз роҳандозии чорабиниҳои мақсаднок, бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни ин таълимгоҳҳо гузаронида шуд, кормандони милитсия оид ба паҳлуҳои гуногуни Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»  изҳор намуданд, ки амалисозии талаботи ин қонунҳо боиси боз ҳам хубтару беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар мактабҳои олӣ ва ҳам дониши донишҷӯён мешаванд. Хусусан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» волидонро вазифадор менамояд, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзандон ғамхорӣ карда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми падару модар, риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд. 
Дар рафти ин чорабиниҳо, ки дар якҷоягӣ бо масъулини Вазорати маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд, ҳамчунин оид ба дигар паҳлуҳои марбут ба фаъолияти ҷавонон, хусусан атрофи ҷинояткорӣ, ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ, шуурнокиву маърифатнокии ҷавонон ва риояи ҳатмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ изҳори назар карда шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки имрӯз ҳодисаҳои террористиву экстремистӣ ва бегонаситезӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё доман паҳн карда, ба амнияти давлату минтақаҳои алоҳида хатари ҷиддиро ба миён овардаанд.
Дар шароити ҳозира шахсони алоҳида ва созмону ҳаракатҳое ҳастанд, ки бо роҳи паҳн кардани ғояву андеша ва нақшаҳои худ ба шуури ҷавонони ноогоҳ ва бехабар аз дину сиёсату давлатдорӣ таъсири манфӣ расонида, кӯшиши бо ин роҳ моил намудани ин гуна ашхоси тангназар ба сафҳояшон мекунанд.
Барои тақвияти ин андешаҳояшон баромадкунандагон аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш, ки зимни ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе сурат гирифта буд, ёдоварӣ намуда, тазаккур доданд, ки дар ин рӯз Сарвари давлат чунин изҳори назар карданд:
“Мо бояд бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир - терроризму экстремизм, радикализм ва хурофоту таассуби динӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, ифротишавии ҷомеа мубориза барем».
Дар баробари ин, кормандони РОПҲНҶ ВКД аз саъю талоши ҷавонони фаъол ҷиҳати пешгирии ҳама гуна амалҳои ношоиста дар ҷомеа, махсусан миёни ҳамсолони худ ёдоварӣ карданд. Тавре онҳо иброз намуданд, ҷалби ҷавонони дорои касбу кори гуногун, аз ҷумла донишҷӯён ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ иқдоми саривақтӣ мебошад. Изҳори хушҳолӣ карда шуд, ки “хушбахтона, теъдоди ин гуна ҷавонони ба ҷомеа фоидаовар имрӯз хеле зиёд аст”.
Дар идомаи ҷамъомади судманд чанде дигар аз баромадкунандагон доир ба сатҳи ҳамкориҳои тарафайн байни мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои гуногун, аз ҷумла мактабу маориф, изҳори ақида намуданд.
Тавре зикр гардид, имрӯз робитаи донишгоҳу донишкадаҳо ва литсею коллеҷҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи зарурӣ буда, бисёре аз донишҷӯёни онҳо ҳамчун ёварони кормандони милитсия дар кори таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба муҳофизони ҳуқуқ ёрӣ мерасонанд. Дар навбати худ, масъулини мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонон бо баргузор намудани чорабиниҳо ин гуна ҷавонони фаъолро аз номи роҳбарияти ВКД қадршиносӣ менамоянд.
Раҷабалии Бозорхон, Абдулло Шоҳиён

01.10.2024 17:57
52