Ошкор шудани қаллобӣ дар ҳаҷми зиёд
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 56-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аз моҳи май то моҳи июни соли 2022 марди 56-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 78 ҳазор доллари амрикоӣ барои гирифта додани манзили истиқоматӣ аз бинои сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе гирифта, маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.