Ифшо шудани ҳолатҳои қаллобӣ вобаста ба маблағу автомашина
26-уми сентябри соли 2024, ба мақомоти корҳои дохилӣ аризаи марди 63-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи феврали соли 2015, дар кӯчаи Борбади шаҳри мазкур марди 55-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 29 ҳазору 892 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ онҳоро бо пуррагӣ бармегардонад, аммо гумонбаршаванда то ҳол маблағашро барнагардонида, ӯро фиреб карда гаштааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 63-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2015 дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри мазкур марди 52-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 13 ҳазору 479 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки онҳоро дар муддати кутоҳ бо пуррагӣ бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонида, ӯро фиреб карда гаштааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2024, марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”-ро 260 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати як моҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.