Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ оид ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва мубодилаи маълумот

24-25 сентябри соли 2024 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (CARICC) семинари омӯзишӣ оид ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва табодули маълумот байни мақомоти салоҳиятдори кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар масири шимолӣ баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (бо қароргоҳ дар Ҷумҳурии Қазоқистон) полковники милитсия Сафарзода Эмомалӣ, намояндагони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Маркази мазкур (CARICC) ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ коршиносон оид ба нишондиҳандаҳои асосии вазъи нашъамандӣ дар минтақа баромад намуда, сохтори ҷиноятҳои марбут ба воситаҳои нашъадор, маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои мусодирашударо муфассал шарҳ доданд.
Дар мулоқот ҳамчунин мушкилоти ҷорӣ дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, роҳҳои такмили механизмҳои ҳамкорӣ бо назардошти тамоюлҳои нав мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён феҳристи тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани ҷамъоварӣ, таҳлил ва табодули маълумот дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор таҳия намуданд.
Гул Маҳбуба

26.09.2024 15:07
298