Вохӯрии судманд бо ҳамватанони бурунмарзӣ
24 сентябри соли 2024 вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо кормандони сафорат, намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия, инчунин намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо баргузор гардид.
Абдураҳмон Аламшозода оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкими нақши мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистон ва Россия баромад кард.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳамчунин оид ба дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатӣ таъкид дошта, ҳамватанони муқими Россияро ба минбаъд таҳким бахшидани робитаҳо ва рушди ҳамкории иқтисодию фарҳангӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб даъват намуд.
Абдураҳмон Аламшозода мақсади баргузории вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арзёбӣ кард.
Ҳамзамон доир ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуд.