Дастгир гардидани ду ноболиғ бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара аризаи зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 16-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 16:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 500 доллари амрикоӣ, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, 2-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг С-6”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 52 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғони 15 ва 16-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Инчунин, гумонбаршавандагон 16-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 15:00 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 37-солаи сокини ноҳияи Данғара даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагӣ, 3-адад соатҳои гуногун ва 8000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 45000 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.