Ҳалокати ронанда дар натиҷаи чаппа шудани автомашина
24-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Ниёзов Юнус Юсуфҷонович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Панҷакент дар километри 30+500 шоҳроҳи «Айнӣ-Панҷакент» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Урметан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, бинобар сабаби бо суръати баланд ҳаракат намуданаш ба дохили заминҳои канори роҳ автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур ноболиғ Ниёзов Ёқуб Юсуфҷонович, соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри Истравшан, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардида, ронандаи автомашинаи мазкур Ниёзов Ю.Ю. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.