Баргузории озмуни “Беҳтарин корманди оперативӣ” дар вилояти Суғд
Рӯзи 24 сентябр дар Раёсати ВКД вилояти Суғд давраи ҷамъбастии озмуни “Беҳтарин корманди оперативӣ” доир гардид. Дар озмуни мазкур 24 нафар кормандони самти оперативии дастгоҳи марказии Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар давраи минтақавӣ беҳтарин ҳисобида шудаанд, иштирок доштанд.
Ёдрас менамоем, ки ҳамасола дар оғози моҳи октябр бахшида ба таъсисёбии воҳидҳои оперативӣ дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, ки 5 октябр мебошад, озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» доир карда мешавад, ки бо дастуру роҳнамоиҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ҳукми анъана даромадааст. Ин озмун аввал дар минтақаҳо, баъдан дар сатҳи вилоятӣ ва ниҳоятан давраи ҷумҳуриявиаш баргузор мегардад. Дар ҷараёни озмуни мазкур малакаю маҳорати оперативии кормандон, ки бо донишҳои назариявию амалӣ мустаҳкам гардидааст, баҳогузорӣ ва беҳтаринҳо муайян мешаванд.
Дар давраи ниҳоии озмуни “Беҳтарин корманди оперативӣ”-и мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд шарту қоидаҳои озмунро муовини якуми сардори раёсат генерал-майори милитсия Давлатзода Раҳмон Қобил ба иштирокчиён фаҳмонида, мавқеъи воҳидҳои оперативии мақомоти милитсия дар таъмини амнияту суботи ҷомеаро таъкид дошт.
Озмун тариқи савалу ҷавоб сурат гирифта беҳтаринҳо, ки саводи мукаммали назариявӣ доштанд, дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон муайян шуданд.
Ҳамин тавр капитани милитсия Хуршедзода Манучеҳр Хуршед ваколатдори оперативии гуруҳи кофтукови ҷиноятии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳристон зинаи сеюм, лейтенанти милитсия Содиқӣ Сипеҳр Муҳаммадҷонзода ваколатдори оперативии Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мақоми дуюм ва лейтенанти калони милитсия Шафизода Некзод Расулбердӣ ваколатдори калони оперативии гуруҳи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи Айнӣ ҷойи аввалро соҳиб гардиданд.
Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд. Онҳо минбаъд дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин корманди оперативӣ” Раёсати ВКД дар вилояти Суғдро намояндагӣ хоҳанд кард.
Қобили қайд аст, ки дар озмуни мазкур асосан кормандони ҷавони милитсия Суғд иштирок доштанд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия