Ошкор шудани дуздии ҷавоҳирот аз манзили зисти зани 54-сола
Ба ШВКД дар ноҳияи Балҷувон аризаи зани 54-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 18-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 01:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 13 ҳазору 800 сомонӣ, 1-адад ангуштарини тиллоӣ ва 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.