Рух додани ҳодисаҳои гуногуни нақлиётӣ
19-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 21:40-дақиқа, ронандаи дучархаи тамғаи «Скутер», Буриев Шоҳин Хушбахтович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Панҷакент-Айнӣ” дар ҳудуди хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи дучархааш набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Газ»-53, ки ба корхонаи КДФ ХМК-и шаҳри Панҷакент тааллуқ дошта, дар канори роҳ беназорат меистод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронандаи дучарха, Буриев Ш.Х. ва мусофираш Шукурзода Раҳмон Ҷурақул, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
19-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ҳайитов Зафар Баҳриддинович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди самти “Айнӣ-Панҷакент” дар 96-200-ум киллометри ҳудуди деҳаи Чинори ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳасани шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, аввал ба дучархарон Аллаёров Уткир Ҷумаевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри мазкур бархӯрда, баъдан ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки ба Сатторов Абдурасул Тошбоевич, соли таваллудаш 1968, сокини ҳамин шаҳр тааллуқ дошт ва дар канори роҳ меистод бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Сатторов А.Т. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили автомашинаи мазкур Исмоилова Лола Бегимқуловна, соли таваллудаш 1992, Сатторов Эсанали Муродович, соли таваллудаш 1962, сокинони шаҳри Панҷакент ва дучархарон Аллаёров У.Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
20-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «GAC AION S», Неъматов Абдулқаҳор Тавурович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», таҳти идораи Алиев Лутфулло Исуфович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Данғара, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Данғара ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «GAC AION S», Неъматов А.Т. ва мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Муминов Фаридун Мирзоевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Данғара, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Алиев Л.И. ва мусофиронаш Биловиддини Исматуллозода, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Данғара, Ширинзода Дилноза Зафархон, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Кӯлоб, Исоева Замира Мусоевна, соли таваллудаш 1989 ва ноболиғон Ҳасанова Ёсуман Акрамалиевна, соли таваллудаш 2018, Ҳасанова Бибинур Акрамалиевна, соли таваллудаш 2022, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.