Маросими бошукӯҳи Савгандёдкунии курсантони Академияи ВКД
21 сентябри соли 2024 дар боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи Савгандёдкунии курсантони курси якуми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Коллеҷи милитсия бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб ва Коллеҷи техникӣ-оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ бо қароргоҳ дар ноҳияи Данғара баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарият ва падарону модарони курсантони мазкур иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас курсантон дар назди ҳозирин ботантана Савганди садоқат ёд намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро курсантон ва пайвандону наздикони онҳоро бо ин рӯзи фаромӯшнашаванда - маросими Савгандёдкунӣ табрику муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки хизмат ба давлату миллат, ҳимояи марзу буми он ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон барои ҳар фарди ватандӯст ифтихор аст ва рӯй овардани ҷавонон ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои низомӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ доштани онҳо дарак медиҳад.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби курсантон якчанд машқҳои низомӣ ба намоиш гузошта шуд.
Марши тантанавӣ хотимабахши чорабинии бошукӯҳи савгандёдкунӣ гардид.
Гул Маҳбуба