Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудааст, ки 10-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 14:30-дақиқа, 2 нафар ҷавонписари ношинос дар кӯчаи Логинови шаҳри Бохтар бе ягон асос ӯро лату кӯб  намуда, бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-8”-ро, ки арзишаш 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 20 ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Бохтар содир намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи зани 38-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 7-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 14:30-дақиқа, ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Бохтар дар кӯчаи Д.Халқҳо писари ноболиғи 13-солаашро бе ягон асос лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А03”-ро, ки арзишаш ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

20.09.2024 17:07
48