Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 31-сола бо ҷурми одамкушӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ноҳияи Темурмалик, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия дар кофтукови байналмилалӣ қарор дошта, бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 14-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо ҳамсараш зани 27-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намудааст, ки дар ин вақт духтарчаи угайи 2-солааш сахт гиря кардааст. Номбурда аз қаҳру ғазаби зиёд бо бераҳмии махсус бо дасту пой ва тасмаи миёнаш ӯро лату кӯб намуда, охирон ӯро бардошта ба замин зада, баъдан бо дастонаш бӯғӣ намуда ба ҳалокат расонидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

19.09.2024 14:34
40