Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон оид ба интихоби ҳайати нави шуроҳои ҷамъиятии назди мақомоти корҳои дохилӣ

Ба диққати шаҳрвандон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонида мешавад, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти милитсия ба интихоби ҳайати нави шуроҳои ҷамъиятии назди мақомоти корҳои дохилӣ шурӯъ мекунад. 
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои заруриро барои узвият ба шуроҳои ҷамъиятӣ ба раёсат ва шуъбаҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ то 10 октябри соли 2024 пешниҳод намоянд.
Барои узвият ба шурои ҷамъиятӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад: 
1) ариза барои узвият; 
2) нусхаи шиноснома;
3) нусхаи ҳуҷҷати таълимӣ;
4) тарҷумаи ҳол;
5) 2 дона аксҳои андозаи 3х4.
Барои узвияти шуроҳои ҷамъиятӣ талаботи зерин муқаррар карда мешавад:
1) шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) расидан ба синни 23-солагӣ;
3) истиқомати доимӣ дар ҳудуди шурои ҷамъиятӣ;
4) мавҷудияти на камтар аз таҳсилоти миёнаи умумӣ;
5) мавҷудияти мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ва таҷрибаи фаъолияти ҷамъиятӣ.
Ба узвияти шуроҳои ҷамъиятӣ шахсони зерин қабул карда намешаванд:
1) шаҳрвандони дар хизмати давлатӣ қарордошта; 
2) шахсони  доғи судӣ дошта;
2) узви ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ташкилотҳои дигар, ки фаъолияти онҳо тибқи қонун ё суд манъ карда шудааст;
3) гирифторони бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ ва ё майзадагӣ;
4) нисбат ба онҳое, ки санади судӣ дар бораи ғайриқобили амал эътироф намудан ё маҳдуд сохтани қобилияти амалкунии онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
1. Шаҳри Душанбе, ноҳияи И. Сомонӣ, кӯчаи Ҷ.Икромӣ (бинои Вазорати корҳои дохилӣ) ва ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ, бинои 1 (бинои РВКД дар шаҳри Душанбе);
2. Вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ 170 (бинои РВКД дар вилояти Суғд);
3. Вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи М.Осимӣ (бинои РВКД дар вилояти Хатлон);
4. Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ш. Шоҳтемур 615 (бинои РВКД дар ВМКБ);
5. Ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи И.Сомонӣ-39 (бинои РВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт);
6. Шаҳри Роғун, кӯчаи Сохтмончиён 52/1 (бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ);
7. Шаҳри Ваҳдат, кӯчаи И. Сомонӣ-8 (бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ);
8. Шаҳри Турсунзода, кӯчаи И. Сомонӣ -38 (бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ);
9. Шаҳри Ҳисор, кӯчаи М.Турсунзода- 23 (бинои шуъбаи Вазорати корхои дохилӣ);
10. Ноҳияи Файзобод, ҷамоати шаҳраки Файзобод, кӯчаи И. Сомонӣ -36 (шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ);
11. ноҳияи Шаҳринав, кӯчаи М.Турсунзода - 16 (бинои шуъбаи вазоратикорхои дохилӣ);
12. ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати шаҳраки Сомониён, кӯчаи Бӯстон-67  ва ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, деҳаи Теппаи Самарқандӣ (бинои шуъбаи 1 ва 2 Вазорати корҳои дохилӣ);
13. Ноҳияи Варзоб, кӯчаи Шабодда (бинои шуъбаи Вазорати корхои дохилӣ).
Телефонҳо барои тамос: 222-35-64, 221-01-89.  
Вазорати корҳои дохилӣ итминон дорад, ки танҳо дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини амният ва ҳалли мушкилоти ҷомеа имконпазир аст!

18.09.2024 16:47
46