Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани қаллобӣ ба маблағи 840 ҳазор сомонӣ

Ҳангоми гузаронидани  чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян  карда шуд, ки марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе моҳи марти соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада 35 ҳазор сомонӣ, 3-адад автомашинаҳои тамғаҳои “Тайота-Кемри-3” арзишашон 460 ҳазор сомонӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” арзишаш 100 ҳазор сомонӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус-350” арзишаш 160 ҳазор сомонӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра” арзишаш  95 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази автомашинаҳои мазкур аз бинои навсохтмони кӯчаи Р.Амакиев, блоки “О” аз ошёнаи 6-ум ба масоҳати 156-метри мурабаъ манзили истиқоматӣ ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо ӯро фиреб карда то ҳол маблағҳояшро барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 840 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

17.09.2024 17:53
37