Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ҷиноят аст!

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 36-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 9-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 19:30-дақиқа, ҳангоми дар ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш мардони 39 ва 34-солаи сокинони ҳамин шаҳр бе ягон асос ба ӯ дарафтода, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии атрофиёнро дағалона вайрон намудаанд. 
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 35-солаи сокини шаҳри Истаравшан 26-уми августи соли 2024, тахминан соати 13:30-дақиқа, ҳангоми дар бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Пошкент қарор доштанаш бо апаи шавҳараш зани 55-солаи сокини шаҳри мазкур бинобар ба миён омадани муноқишаи оилавӣ нисбати якдигар суханҳои қабеҳ гуфта, ҳамдигарро лату кӯб намуда тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд. 
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

17.09.2024 17:34
44