Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар аз беэҳтиётӣ
13-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 22:10-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “Скутер”, Наврузов Соибҷон Сайдуллоевич, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳалеварди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада, ба дарахти сояафкани қисмати роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, Наврузов С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
13-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 23:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Калонов Илҳомиддин Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷа ронанда Калонов И.И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
14-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус RX-350», Азимов Даврон Абдуғаниевич, соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди хиёбони И.Сомонии шаҳри Хуҷанд ба самти маҷмааи Тоҷ, дар назди «Кохи матбуот», пиёдагард Намозова Илмия Паҳлавоновна, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Аштро пахш намудааст.
Дар натиҷа номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
15-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 07:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес Акорт», Раҳмонов Аҳмадшо, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст, ки автомашинаи мазкур оташ гирифта, қисман сӯхтааст.
Дар натиҷа, ронанда Раҳмонов А.М. ва мусофири дохили автомашина Набиев Ғозибек Мақсудович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Сипас, ронандаи автомашинаи мазкур Раҳмонов А.М. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.