Ошкор шудани ду ҳолати авбошӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 60-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 14-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 19:00, ҳангоми дар кӯчаи Навободи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо марди 54-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 1-маротиба ба гарданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини ноҳияи Данғара 12-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар кӯчаи Ҳилолии шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавонзани 24-солаи сокини шаҳри Душанбе муноқиша намуда, бо корд 1-маротиба ба қисмати тахтапушти ҷабрдида зарба задааст, ки номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.