Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти марди қаблан судшуда бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 12-уми сентябри соли 2024, тахминан соатҳои 11:50-дақиқа, дар назди беморхонаи “Қарияи Боло” марди 44-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш ду маротиба  бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо тариқи ошкоро аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-32”-ро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

13.09.2024 15:25
24