Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият неъмати бебаҳост!

Маҳз Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт, ки роҳи дурусти имрӯзу оянда дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар муайян гардад ва ба сӯи давлати соҳибихтиёру дунявӣ қадам гузошта шавад. 
Асосгузори сулҳу ваҳлити миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурин Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории навин, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ беш аз пеш саъю талош намуданд, ки ба сӯйи дастовардҳои бештар қадамҳои устувор гузошта, нуфузу эътибори мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоранд. 
Таърих гувоҳ аст, ки дар ин даврон миллати тоҷик тамоми сахтиву мушкилиҳоро пушти сар намуд, то дастовардҳои фарҳангии худ, аз қабили забони модарӣ, илму фарҳанг ва ҳувияти миллии худро эмин нигоҳ дорад. 
Бо мақсади ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа Артиши миллӣ ва дигар сохтору мақомоти босалоҳият, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шуда, рамзҳои соҳибистиқлолии кишвар, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсия қабул карда шуд.     Тоҷикистони тозаистиқлол дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки он боиси фалаҷ гардидани тамоми сохторҳои давлатӣ гардида буд. 
27 июни соли 1997 Созишномани истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он Рӯзи Ваҳлати миллӣ эълон шуд. Чунин дастоварди бузург - дар як шароити ниҳоят сангин, ки боиси барқарорсозии суботу оромии ҳамешагии як давлату миллати алоҳида гардид ва имрӯз ин таҷриба намуни ибрат барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. 
Таърих гувоҳ аст, ки ҳар қавм, қабила, ҳатто хонавода таърихи худро дорад ва замоне бо иродаи афрод ва эҳтимоли шахсияти оқиле ба вуҷуд омада, ба дараҷаи халқият расидааст. Дар таърихи инсоният ҳамон миллат бурд кардааст, ки тақдир ба он шахсиятҳои бузургро ҳадя намудааст, то халқу миллаташро дар атрофи худ муттаҳид гардонида, сарзамини хешро обод созад ва ҳудуди онро аз хатарҳои беруна эмин нигоҳ дорад, забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худро пос дошта тавонад.
Инак ба бахти мардуми куҳанбунёди тоҷик фурсате ба даст омад, ки дар қатори дигар ҷумҳуриҳо, Тоҷикистон низ давлати соҳибистиқлолу озод эълон ва аз ин неъмати гаронбаҳои таърих баҳраёб гардид.
Истиқлоли миллӣ барои мардуми Тоҷикистон нисбатан осон ба даст омад. Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ин Истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих ва тақдир буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯз ва фардо мебошад».
Маҳз, 9 сентябри соли 1991 тамоми ҷаҳон Тоҷикистонро шинохт, баъди қабули Эъломия дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақили Тоҷикистон арзи вуҷуд кард.
Қабули Эъломия боис гардид, ки аҳли олам бо давлати Тоҷикистон мустақилона додугирифт намуда, намояндагиҳои дипломатӣ ва тиҷоратии худро боз намуда, ҳамкориҳои тарафайнро ба роҳ монанд. Ҳамин тавр, баъди қабули ин ҳуҷҷати муҳим давраи нави давлатдории тоҷикон, соҳибистиқлолии он оғоз ёфт.
Аммо аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, дар роҳи пешравӣ душвориҳо пеш омаданд. Он гуна, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштаанд: «Боиси таассуф аст, ки Истиқлолияти Тоҷикистон дар ибтидо ба душвориҳои сангин ва ихтилофҳои шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ омад. Қувваҳои дохиливу хоричӣ, ки соҳибихтиёрии кишвари тоҷиконро чашми дидан надоштанд, мардуми тоҷикро бар зидди ҳамдигар шӯр андохтанд, ҷанги бародаркуш оғоз ёфт».
Мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани давлати тозабунёди тоҷикон вокеӣ гардид.
Ҷанги нанговари дохилӣ мардуми соҳибватанро беватан, кӯдаконро ятиму бенаво сохт. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос барои миллати тоҷик бар эътибори давраҳои сарнавиштсози таърихи фоҷиабораш сарваре лозим буд, ки воқеан дӯстдори халқу Ватани хеш бошад ва барои пойдории сулҳу ваҳдат тамоми ҳастии худро бахшад, шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллаташро аз манфиатҳои кавму маҳалу минтақа болотар донад.
Инак, оқибат хираду заковати халқ ва ақли солим ғалаба карда, дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд барпо шуд, ба ташкили давлату ҳукумати нави қонунии Тоҷикистон замина гузошт. Дар ин иҷлосияи таърихию тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамчун сиёсатмадори даврони нав саробонии миллати азмяткашидаи тоҷикро ба душ гирифта, меъмори сулҳу ваҳдат, якпорчагӣ ва созандагӣ дар кишвар гардиданд.
 Воқеан, Сарвари давлати тоҷикон аз соли 1993 то инҷониб аз минбари Созмони Милали Муттаҳид чандин маротиба дар мавзуъҳои мухталиф ва мубрами рӯз суханронӣ карда, бо нутқи хирадмандона, сиёсати якруёнаву давлатсозонаи тоҷиконро барои оламиён изҳор намуданд. 
Талошҳои пайвастаи Сарвари давлати мо барои пешрафту ободонии Ватани азизамонро дар давлатҳои хориҷа ва созмонҳои байналмилалӣ низ қадр мекунанд, чунончӣ доктор Масъуди Миршоҳӣ ҷоннисорӣ ва талошҳои ояндасозии Президенти кишвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро муоина карда навиштааст: «Ташаббусҳову ибтикороти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди кишвари мутараққӣ басо ибратомӯз, шахсияти Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун инсони олиҳиммат ва фурӯтан, парастишгари меҳан ва тарғибгари илму фарҳанг ба ҳаддест, ки сокинони муқими Фаронса ва Аврупоро ба ваҷд меорад ва меҳри эшонро ба кишвари зебои тоҷикон бештар месозад». 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш истиқлолият ва ваҳдати миллиро бузургарин ва муқаддастарин дастовардҳои миллати тоҷик арзёбӣ намудааст. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади пешрафту инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро кабул ва дар амал ҷорӣ намуд. 
Махсусан, ҳадафҳои стратегии кишвар: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар чаҳор ҳадафи бузурги давлатӣ дар роҳи расидан ба кишвари ободу пешрафта хоҳад гардид.     Ҳадафҳои мазкур сиёсати иқтисодию иҷтимоии мамлакатро тақвият бахшида, дар ин раванд рушди соҳаи саноат яке аз омилҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи аҳолӣ бо шуғли доимӣ, сарчашмаи муҳими даромади буҷети давлат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ эътироф шуд. 
Ҳамин аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд гардида, соҳаҳои саноати сабук, металлургия, хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан, саноати кимиё, инчунин масолеҳи сохтмон ба пешравиҳои назаррас ноил шудаанд.
Рушди босуботи ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат тайи замони соҳибистиклолӣ ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқавории кишвар диққати махсус зоҳир намуда, тавассути ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи даҳҳо барномаи соҳавӣ, аз ҷумла, дар самти таҷдиди сохтори ташкиливу ҳуқуқии хоҷагиҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, афзоиш додани майдони боғу токзор ва таъмин намудани дастрасии деҳқонон ба манбаҳои молиявӣ, ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.
Дар ин раванд, гузариш ба низоми иқтисоди бозаргонӣ, ҷорӣ намудани гуногуншаклии моликият, пули миллӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, таҷдиди сохтори иқтисод вобаста ба истифодаи самараноки захираву имкониятҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ, мукаммал гардонидани низоми молия ва бонкдорӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ таъмин карда шуд.
Дар марҳилаи кунунӣ ҳар фарди ҷомеаро зарур ва қарз аст, ки муҳофиз ва нигаҳдори Кохи Истиқлол бошад ва бо эҳсоси саршори ватанхоҳиву сулҳпарастӣ онро ба наслҳои минбаъда комилу бегазанд ба мерос гузоранд, зеро ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ ба сатҳи арзанда расонидан аз саъю кӯшиши ҳар як шаҳрванди он вобастагии калон дорад.
Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озоди кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад.
Мавриди қайд аст, ки бо дастгириҳои пайваста ва Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Раҳматномаю Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Аълозода Муҳаммадрасул Аъло, сардори Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, н.и.ҳ., полковники милитсия. 

12.09.2024 18:20
113