Семинар-машварат оид ба кирдорҳои номатлуб
7 сентябри соли 2024, дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, тибқи нақшаи тасдиқшудаи Федератсияи Таеквондо ВТ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари комиссияи интизомӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ пеш аз оғоз намудани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасони соли таваллудашон 2013-2014 бо мураббиён ва варзишгарон семинар-машварат дар мавзӯи пешгирии оворагардӣ, шомил шудани ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ ва гурӯҳҳои нашъамандон, тарбияи наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, одоби варзишгар ва мураббӣ дар вақти тамрин намудан, рафтори ҳамида, тарзи пушидани "ДОБОК" либоси расмии таеквондочӣ, масъулияти падару модар ва ғайра дар муҳити дӯстона гузаронида шуд.
Таъкид ба маврид аст, ки варзишгарон ва мураббиён аз семинари мазкур хело хушҳол шуда, бисёр чизҳои муҳимро аз худ намуданд, ки барои фаъолияти минбаъдаашон самараи хуб хоҳад дод.
Мусобиқаи мазкур дар сатҳи зарурӣ баргузор гардида, варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар он фаъолона иштирок намуда, сазовори 2 медали тило, 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ гардиданд.
Аз ҷумла,
- Шоҳиён Аҳмад сазовори ҷойи 1 дар вазни 40кг;
- Шарипова Бибифотима сазовори ҷойи 1 дар вазни 32кг;
- Сулаймонов Абдукарим, сазовори ҷойи 2 дар вазни 38кг;
- Шоҳиён Ҷамолиддин, сазовори ҷойи 3 дар вазни 34кг;
- Нуров Муҳаммад, сазовори ҷойи 3 дар вазни 26кг;
- Деҳқонов Шаҳриёр, сазовори ҷойи 3 дар вазни 40кг.
Ба ғолибон дар фазои тантанавӣ аз ҷониби муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Шоҳиён А.Н. медалу Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.