Ошкор шудани ҳодисаҳои дуздии маблағу ҷавоҳирот
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза зани 60-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро, ки арзиши умумиашон 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 50-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пеш бо қисми 2 моддаи 228 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, содир намудааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 28 ва ҷавони 22-солаи сокинони шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав 4-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 13:00, ба манзили истиқоматии зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз он ҷо ҷевони оҳанинро, ки дар дохилаш 4 ҳазор сомонӣ, 6 ҳазору 300 рубли русӣ ва 5 доллари амрикоӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.