Расонидани зарари миёна ба саломатӣ аз ҷониби ҳамсар ба шавҳар
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Восеъ, муваққатан истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст, ки 10-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар манзили истиқоматиашон бо ҳамсараш зани 28-солаи сокини ҳамон ҷо муноқиша намуда, ҳамсараш бо корди ошхонагӣ ба пушти сар ва дасти чапаш 1-маротибагӣ зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.