Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Нуробод

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Қабл аз ҳама, кулли мардуми заҳматқарини ноҳияи Нуробод ва ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – 33-солагии истиқлоли давлатӣ, ки ду рӯз пеш таҷлил гардид, самимона табрик мегӯям.
Боиси ифтихору сарбаландии ҳар яки мост, ки ҳоло дар кишвари азизамон ба шарофати истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ барои заҳмати созандаи сокинони мамлакат, зиндагии орому осуда, баргузор намудани ҷашнҳои милливу давлатӣ ва чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Мардуми водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Нуробод бисёр заҳматдӯсту меҳмоннавоз мебошанд ва мо имрӯз натиҷаи азму иродаи қавӣ ва саъю талоши онҳоро ба хотири ободии ноҳия ва рушди устувори кишварамон баръало мушоҳида кардем.
Маркази ноҳияи Нуробод, аз ҷумлаи шаҳрҳои навбунёде мебошад, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат, инчунин, ташаббусҳои ватандӯстонаи сокинони он имрӯз ба як макони зебои замонавӣ табдил ёфтааст.
Дар ноҳияи Нуробод танҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии 233 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз корҳо дар 108 иншоот иҷро гардида, 46 фоизи нақшаро ташкил медиҳанд.
Мо имрӯз дар маросими ба истифода додани якчанд иншооти муосир, ки бо тарҳи милливу замонавӣ бунёд шудаанд, ширкат намудем ва корҳо дар самти бунёду азнавсозии даҳҳо иншооти дигар бомаром идома доранд.
Мушоҳида мегардад, ки бо ифтитоҳи иншооти гуногуни навбунёд симои ноҳия боз ҳам зебо гардида, ба яке аз гӯшаҳои обод ва хушманзари диёрамон табдил ёфта истодааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия беш аз 4 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 1,5 миллиард сомонии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.
То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ ба анҷом расида, татбиқи боз 8 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо қариб 1,4 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.
Лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва омӯзиши касбӣ, беҳтарсозии вазъи инфрасохтори барқрасонӣ, бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ кардани паҳншавии бемориҳои сироятӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ гардида истодаанд.
Илова бар ин, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмин намудани рушди устувори ноҳия ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони он Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2021 – 2025 амалӣ шуда истодааст, ки 265 лоиҳаро ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ дар бар мегирад.
То имрӯз 87 лоиҳа ба маблағи 40 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст, ки ҳамагӣ 33 фоизи лоиҳаҳои умумии барномаро ташкил медиҳад.
Яъне ҷараёни амалишавии барнома ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои муайянгардида қонеъкунанда нест.
Мо се сол пеш дар маросими оғози татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод иштирок карда будем.
Лоиҳаи мазкур ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аҳаммияти бисёр муҳим дорад.
Барои амалӣ намудани қитъаи якуми ин лоиҳа қариб 2 миллиард сомонӣ сармояи давлатӣ ҷалб гардидааст.
Қитъаи якум бунёди зиёда аз 30 километр роҳ, 5 пули нав ва таҷдиди як пули мавҷуда, сохтмони ду нақб бо дарозии беш аз се километрро дар бар мегирад ва то охири ҳамин сол ба истифода дода мешавад.
Маблағи умумии қитъаи дуюми роҳ 1 миллиарду 600 миллион сомониро ташкил карда, дар доираи он бунёди 47 километр роҳ, 6 пули нав, таҷдиди як пули мавҷуда, як пули муваққатӣ, нақби Тагикамар ба дарозии 2,6 километр анҷом дода, ин қитъа низ аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ ифтитоҳ мегардад.
Лоиҳаи мазкур, инчунин, сохтмони пули бузурги 920-метрӣ аз болои обанбори «Роғун» ва роҳҳои ба он васлшавандаро дар бар мегирад, ки то имрӯз корҳои лоиҳакашии он анҷом ёфтаанд.
Корҳои ин марҳала охири ҳамин сол оғоз мегарданд ва дар муддати ду – дуюним сол ба анҷом расонида мешаванд.
Баъди ифтитоҳи пурраи роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод рафтуомади мусофирон ва ҳамлу нақли мол барои ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт хеле осону мусоид мешавад ва барои робита бо кишварҳои хориҷӣ имконияту шароити муосир муҳайё мегардад.
Хотиррасон месозам, ки роҳи бунёдшудаистода шоҳроҳи байналмилалӣ мебошад ва тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба сокинон ва соҳибкорони ноҳия беш аз 130 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.
Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар соли 2023-юм 15 миллион сомонӣ ва танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 10 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба давраҳои қаблӣ мутаносибан 42 ва 34 фоиз зиёд мебошад.
Бо вуҷуди ин, нишондиҳандаҳои зикршуда бо дарназардошти ҳадафҳои гузошташуда дар самти рушди минтақаҳо ва дастгирии соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ қонеъкунанда нестанд.
Бонки миллиро зарур аст, ки якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия, хусусан, ба бахши истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.
Ноҳияи Нуробод дорои захираҳои фаровони ашёи хом, махсусан, маҳсулоти кишоварзӣ буда, тавассути бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла доир ба коркарди маҳсулот ташкили ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, зиёд кардани содироти маҳсулоти ватанӣ ва афзоиши даромади аҳолиро таъмин кардан мумкин аст.
Дар ноҳия барои афзоиш додани истеҳсоли картошка, асал, бунёди боғҳои нав ва меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза, инчунин, рушди сайёҳӣ имкониятҳои фаровон мавҷуданд.
Вале бо вуҷуди мавҷудияти захираву имкониятҳои зиёд, аз ҷумла дар самти истеҳсоли маҳсулоти гуногун суръати рушди соҳаи саноат дар ноҳия қонеъкунанда нест.
Соли 2023 дар ноҳия ба маблағи ҳамагӣ 5,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки ба ҳадафҳои гузошташудаи стратегӣ ва иқтидорҳои ноҳия мувофиқ намебошад.
Инчунин, дар 6 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 1,1 фоиз афзоиш ёфтааст, ки андешидани чораҳои иловагиро тақозо менамояд.
Илова бар ин, дар ноҳия истеҳсоли либоси мактабӣ дар соли 2023 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба роҳ монда нашудааст, ки хеле ташвишовар мебошад.
Ҳол он ки мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намудем ва тамоми захираву имкониятҳоро барои расидан ба ин ҳадаф равона карда истодаем.
Соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Нуробод соҳаи калидӣ дар самти ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба шумор меравад.
Соли 2023 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 315 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2022 ҳамагӣ 3 фоиз зиёд шудааст.
Дар баробари ин, соли 2023 истеҳсоли картошка нисбат ба соли қаблӣ 19 фоиз, тухм 29 фоиз ва пилла 35 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар ноҳия ба маблағи 94 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад.
Хотирнишон менамоям, ки роҳи асосии афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар истифодаи самараноку оқилонаи обу замин ва дигар иқтидору имкониятҳои мавҷудаи соҳа мебошад.
Ҳамаи шумо хуб медонед, ки дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза масъалаи бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кардани аҳолӣ аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳаётӣ пайдо кардааст.
Вале вазъ дар ин самт, бо дарназардошти имкониятҳои истифоданашудаи ноҳия, ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.
Зеро тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ майдони кишти ғалладона ва лубиёгиҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 190 гектар, аз ҷумла майдони кишти гандум 150 гектар кам гардидааст.
Илова бар ин, соли ҷорӣ дар ноҳия бо сабаби аз кор баромадани шабакаҳои обёрӣ 348 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки роҳбарону масъулин ба масъалаи истифодаи самараноки имконияту захираҳо, пеш аз ҳама, дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат, беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо ва афзоиш додани истеҳсоли картошка эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки доир ба зиёд намудани майдони боғҳо, алалхусус, боғҳои интенсивӣ, содироти меваю сабзавот ва ба ҳамин васила муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Нуробод 55 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 11 ҳазор хонанда бунёду азнавсозӣ карда шудааст.
Имрӯз дар ҷараёни сафар ба ноҳия боз якчанд бинои нави муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳраки Дарбанд, ки бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат барои 1280 хонанда бунёд гардидааст, ба истифода дода шуд.
Ҷиҳати омода намудани мутахассисон барои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тибқи квотаи президентӣ 653 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба мактабҳои олӣ дохил шуда, то имрӯз 372 нафар, аз ҷумла 249 нафар духтарон баъди хатм дар соҳаҳои гуногуни ноҳия фаъолият карда истодаанд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар 20 соли охир дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 39 майдончаи варзишӣ бунёд гардида, мактабҳои ноҳия иловатан бо 25 кабинети фаннӣ таъмин карда шудаанд.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки фарогирии кӯдакон ҳамагӣ 4,6 фоизро ташкил медиҳад, ки умуман қонеъкунанда нест.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо Вазорати маориф ва илм бояд мушкилоти соҳаи маорифи ноҳия, аз ҷумла норасоии омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, фанҳои дақиқ ва фарогирии кӯдаконро ба муассисаҳои томактабӣ ҳарчи зудтар бартараф карда, иҷрои барномаҳои давлатии қабулшударо таъмин намоянд.
Ҳамчунин, дар ноҳия норасоии мутахассисони баландихтисоси тиббӣ мушоҳида мегардад, ки ҳалли ҳарчи зудтари ин масъала вазифаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати тундурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.
Ҳамдиёрони азиз!
Вазъи ҷаҳони муосир ва мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, низоъҳои тиҷоративу сиёсӣ моро водор месозад, ки ба хотири таъмин намудани бозори истеъмолии кишварамон бо маҳсулоти худӣ боз ҳам бештар заҳмат кашем.
Бинобар ин, мо бояд аз тамоми захираву имкониятҳое, ки дорем, пеш аз ҳама, обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, то ки мардумамон дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода бо маводи ғизоӣ таъмин бошанд.
Яъне кишоварзон ва умуман ҳамаи онҳое, ки бо замин сару кор доранд, бояд ба хотири ҳарчи беҳтар таъмин кардани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ саъю талош намоянд.
Дар ин раванд, ҳар як оила бояд дар фикри истеҳсоли маҳсулот ва захираи маводи ғизоӣ барои на кам аз ду соли оянда бошад.
Фаромӯш набояд кард, ки вазъи ҷаҳони муосир аз мову шумо риояи ҳатмии талаботи қонуни танзим ва сарфаю сариштакориро дар ҳамаи масъалаҳои зиндагӣ ва рӯзгор талаб менамояд.
Инчунин, омодагии ҳамаҷониба барои таъмин намудани фаъолияти мунтазам ва самарабахши ҳамаи соҳаҳо дар давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода яке аз вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону мутахассисон ва фаъолони ноҳия мебошад.
Дар ин самт корро тавре бояд ташкил кард, ки дар заминаи истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила таъмин карда шавад.
Инчунин, иншооти иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, шабакаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, иншооти энергетикӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқ бояд ба зимистон пурра омода бошанд.
Ҳар як оила бояд омодагӣ бинад, хонаҳои истиқоматӣ ба шароити зимистон омода бошанд, бояд дар ҳар як оила маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ захира карда шавад.
Роҳбарону масъулон ва фаъолон бояд мардумро ба корҳои ободонии ҳар як хонаву кошона, маҳалли зист, кӯчаву хиёбон ва шаҳраку деҳот сафарбар намоянд.
Хотиррасон месозам, ки барои истиқболи сазовори ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ бояд ҳар як сокини кишвар саҳми арзандаи худро гузорад.
Зеро ҷашни истиқлолу озодии Тоҷикистон ҷашни ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва ҳар як шахси ватандӯсту ватандор мебошад.
Бовар дорам, ки мардуми ватандӯст ва созандаву бунёдкори ноҳияи Нуробод барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри худ, сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли худ минбаъд низ саъю талоши бештар хоҳанд кард.
Бори дигар, кулли сокинони заҳматдӯсти ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод ва барору муваффақият орзу менамоям.
Доимо тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

11.09.2024 14:00
12