Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманди Вазири корҳои дохилӣ бо Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин

10 сентябри соли 2024 дар ҳошияи Форуми байналмилалӣ оид ба таъмини амнияти фаромиллӣ, ки дар шаҳри Лянюнгани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, гуфтушуниди мустақими Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохун, баргузор гардид.
Дар рафти гуфтушунид масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти тақвият бахшидани муқовимат ба терроризм, экстремизм, сепаратизм, инчунин гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, силоҳ, пурқувват кардани иқтидори мудофиавии сарҳади Тоҷикистон ва таҳкими заминаи моддӣ-техникии мақомоти корҳои дохилӣ баррасӣ гардиданд. 
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба

10.09.2024 15:54
138